ҲНИТ масҷид надорад

E-mail Нашр кардан PDF

Дар маркази ҲНИТ гуфтугӯи мақомоти иҷроия ва раиси кумитаи дин назди ҳукумати ҶТ бо намояндагони наҳзати исломӣ дар бораи масҷид ё маркази фарҳангии ин ҳизб баргузор гардид. Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ дар ин гуфтугӯ таъкид карданд, ки дар бинои марказии ин ҳизб масҷид вуҷуд надорад, балки маркази фарҳангии ҳизб фаъолият мекунад.
Раиси кумитаи дин Холиқов Абдураҳим дар ин гуфтугӯ ишора кард, ки шумо тибқи қонуни «озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳизб наметавонад дар маркази фарҳангиаш намоз баргузор кунад. Ва қонуни мавҷуда ибодат дар идораҳои давлатиро мамнуъ кардааст.
Намояндагони ҲНИТ бошад ин масъаларо марбут ба эътиқодоти динии худ дониста таъкид намуданд, ки ибодат ҷузъи арзишҳои исломӣ аст ва  ба унвони як ҳизби сиёсии динӣ ҳуқӯқи онро дорад, ки арзишҳои динӣ ва фарҳангиро тарвиҷ ва ташвиқ намояд. Инчунин ислом бахше аз фарҳанги миллии мо аст ва ибодат ҳам як бахше аз фарҳанги исломӣ ба ҳисоб меравад. Пас ибодат ҳам як бахше аз фаъолиятҳои фарҳангии мо ба ҳисоб меравад.
Гуфтугӯ миёни тарафайн наздики 2 соат идома пайдо кард. Ҷалолиддини Маҳмуд узви Раёсати олии ҲНИТ пешниҳод кард, ки барои ин қонун  тафсире навишта шавад, то паҳлуҳои норавшани он бештар барои мардум равшан гардад.
Дар охир тарафҳо ба хулосае омаданд, ки идомаи мавзуъро баъд аз моҳи Рамазон пайгирӣ намоянд. Онҳо таъкид намуданд, ки чун Рамазон моҳи ибодат аст ,тарафҳо бар рӯи мавзуъ бештар фикр кунанд, гуфтугӯи худро баъд аз он пайгирӣ намоянд.


Назари худро нависед