Дар маркази ҲНИТ вохӯрии раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо Ҷон Ҳеппенстал масъули бахши Осиёи Марказӣ вазорати корҳои хориҷии Бритониё, хонум Ким Гулд муовини сафари Бритония баргузор гардид.
Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо истиқбол аз ҳамкориҳои мутаносиби сафорати Британия бо ҲНИТ онро барои рушди ҷомеаи маданӣ ва мардумсолорӣ муҳим арзёбӣ намуда, хоҳони густариш додани ин гуна муносибот гаштанд. Ҷон Ҳеппенстал ва хонум Ким Гулд аз ҳамкориҳои судаманди роҳбарияти роҳбарияти ҲНИТ бо мақомот, нақши мӯътадил ва фаъоли ҲНИТ дар интихобот тақдир намуда, сатҳи ҳамкориҳои ду ҷонибаро судманд хонданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи интихоботи Тоҷикистон ва Британия табодули назар намуданд. Раиси ҲНИТ аз низоми демократии интихоботи Британия хушбиниашонро изҳор дошта, зикр намуданд, ки барои кишварҳое назири Осиёи Марказӣ таҷрибаи чунин як интихоботҳои шаффоф ва одилона бояд омӯзанда бошад. Дар мавриди интихоботи Тоҷикистон раиси ҲНИТ М. Кабирӣ андешаи худро баён дошта таъкид дошданд, ки интихоботи Тоҷикистон барои ҳама як имтиҳоне буд, ки аз ин имтиҳон миллат , аҳзоби сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои иҷтимойӣ бо ҳаро роҳе берун омаданд. Иштирокии аввали интихобот мардуми шарифи Тоҷикистон аз он сарбаландона берун омаданд. Аҳзобии сиёсии Тоҷикистон низ аз ин корзор бо роҳу равиши хоси худашон имтиҳони мазкурро пушти сар гузоштанд. Ба назарам ягона иштирокчие, ки аз ин имтиҳон нагузашт ин боз ҳам Ҳукумат маҳсуб меёбад. Дар ин нишаст ҳамчунон аз сарнавишти аъзои фаъоли ҲНИТ Муҳаммадрӯзи Бурҳонов дар ноҳияи Вахш изҳори нигаронӣ карда шуд. Зеро дар корзори интихобот Муҳаммадрӯзи Бурҳонов ягона нафарест, ки барои овози барзиёди додааш (овозе, ки дигарон низ ҳамин гуна амал карда буданд )ба маҳкама кашида шуд, ки он ҳам танҳо аъзои аъзои ҲНИТ будаву халос. Ҳоло он ки аризаҳои даъвогии даъвогии ҲНИТ дар мавриди тақаллуботи густурда дар интихобот аз сӯи ҳеҷ як ниҳоди додгоҳӣ баррасӣ нагардид. Дар ин мулоқот аз ҷониби Ҷон Ҳеппенстал масъули бахши Осиёи Марказӣ вазорати корҳои хориҷии Бритониё, хонум Ким Гулд муовини сафари Бритония изҳори умедворӣ карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои гурӯҳи нозирони САҲА ва дигар созмонхои байналмилалиро барои ислоҳи қунуни интихобот дар Тоҷикистон ба инобат мегирад. Ҷон Ҳеппенстал масъули бахши Осиёи Марказӣ вазорати корҳои хориҷии Бритониё, хонум Ким Гулд муовини сафари Бритония аз муносибати мӯътадилонаи ҲНИТ бо масъулини Ҳукумат истиқбол намуда, онро барои амнияту суббот ва рушди ҷомеаи маданӣ омили муҳим арзёбӣ карданд.















