Обхезии шадид дар деҳаи Сариҷар

E-mail Нашр кардан PDF

Рӯзи шанбе бар асари боло рафтани сатҳи оби дарёҳо дар баъзе навоҳӣ ва деҳаҳо бори дигар мардум хонаҳояшон зери об мондаву эшон дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд. Ҳарчанд дар пайи ин ҳаводис талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо гузоришҳои расида аз он мегӯянд, ки вазъ боиси нигаронист. Бар асари тағйир ёфтани маҷрои дарё дар деҳаи Сариҷари ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ манзили 22 хонавода зери об мондааст. Яке аз шоҳидони ҳодиса бо ишора ба фаро расидани моҳи Рамазон таъкид бар он дошт, ки дар маҳалли офатзада мардум интизори ононанд, ки ҳарчӣ зудтар ба кӯмаки эшон мақомот ва дигар ташкилотҳо мерасанд. Шамсиддин Ҳомидов дар ин замина баён дошт, ки «бинобар тағйир ёфтани ҷараёни маҷрои дарё аксари хонаҳо зери об монда шароити зиндагӣ дар ин хонаҳо аз байн рафтааст. Ҳарчанд талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо мардум аз лиҳози дарёфти маводи аввалияи рӯзгор танқисӣ мекашанд.» Аз макони офати табии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ва намояндаи СММ дидан намудаанд. Гуфта мешавад, ки раиси вилоят Ғайбулло Афзалов ваъда дода, то дар фурсати кӯтоҳтарин мардум бо замин ва ашёи дигари аввалияи рӯзгор таъмин карда мешаванд.

Назари худро нависед