Президенти Гурҷистон М. Саакашвилӣ зимни баромад дар телевизиони Беларусия бо шеваи хосе аз роҳбарияти Русияро мавриди интиқод қарор дод.
Ӯ баён кардааст, ки ман намедонам роҳбарияти Русия аз ман чӣ мехоҳанд, мо ҳамеша ба истиқболи онҳо шитофтаем, аммо бархӯрди эшон маро ҳайратзада намудааст. Президент М. Саакашвилӣ ба ин нукта таъкид доштааст, ки вай ба мардуми рус ва фарҳангу маданияти онҳо эҳтироми хосеро қоил аст. Ӯ аз роҳбарияти Русия даъват ба амал овардааст, ки муносибаташонро нисбати ин кишвар солим нигоҳ дошта, аз сиёсати зуриву фишор алайҳӣ даст кашад. Ин гуна сиёсатро Саакашвилӣ сиёсати ғайримардумӣ донистааст. М. Саакашвилӣ худро дӯсти мардуми рус хонд
Президенти Гурҷистон М. Саакашвилӣ зимни баромад дар телевизиони Беларусия бо шеваи хосе аз роҳбарияти Русияро мавриди интиқод қарор дод.
Ӯ баён кардааст, ки ман намедонам роҳбарияти Русия аз ман чӣ мехоҳанд, мо ҳамеша ба истиқболи онҳо шитофтаем, аммо бархӯрди эшон маро ҳайратзада намудааст. Президент М. Саакашвилӣ ба ин нукта таъкид доштааст, ки вай ба мардуми рус ва фарҳангу маданияти онҳо эҳтироми хосеро қоил аст. Ӯ аз роҳбарияти Русия даъват ба амал овардааст, ки муносибаташонро нисбати ин кишвар солим нигоҳ дошта, аз сиёсати зуриву фишор алайҳӣ даст кашад. Ин гуна сиёсатро Саакашвилӣ сиёсати ғайримардумӣ донистааст. 














