Таркишҳо дар Зоҳидон

E-mail Нашр кардан PDF

Оҷонсии Рейтер хабар дода, ки бар асари ду таркиши бомб дар Зоҳидон  21 нафар ҳалок гардида, 100 нафари дигар захмӣ гардидааст. Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизиони «Ал арабия » хабар додааст, ки масъулиятҳои таркишҳои ахир дар Зоҳидонро гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ба зима гирифтааст. Зимни интишори баёнияе ин гурӯҳ амал мазкурро посух ба боздошт ва аз байн бурдани роҳбарашон Абдумалик Риги унвон кардаанд. Амалиёти мазкурро ду тан аз пайвандони собиқ роҳбари «Ҷундуллоҳ» Абдулбасит Риги ва Муҳаммад Ригӣ анҷом додаанд. Ёдовар бояд шуд, ки бар асари амалиёти тахрибкоронаи ин гурӯҳ дар соли 2009 беш аз 50 нафар аҳолии осоишта ҳалок гардида буданд. 

Назари худро нависед