Бино ба иттилоои шабакаи телевизионии «Ал -Манор» мақомоти амниятии Лубнон корманди як хадамоти ширкати «Алфа» шабакаи моҳворайиро бо ҷурми ҷосуси бар нафъи Исроил боздошт намудаанд.
Нафари боздоштшуда, барои ҳамкорӣ бо хадамоти «Моссад»-и Исроил айбдор карда мешавад. Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода мешавад, ки як нафар корманди баландпояи ин ширкат бо исми Шарбал Киззӣ қаблан бо иттиҳоми ҷосусӣ аз сӯи хадамоти амниятии Лубнон боздошт гардида буд. Дирӯз Додгоҳи Лубнон Али Мунташаро бинобар дайн гаштани гуноҳи ҷосусияш ба марг маҳкум намуд. ВАО-и Лубнон иттилоъ додаанд, ки нақши хадамоти ҷосусии Исроил барои барҳам задани вазъи иқтисодӣ, иҷтимойӣ ва сиёсии Лубнон назаррас будааст.














