Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА

E-mail Нашр кардан PDF

•    1) Испониё
•    2) Ҳолланд
•    3) Бразил
•    4) Олмон
•    5) Аргентина
•    6) Уругвай
•    7) Инглистон
•    8- Португалия
•    9) Миср
•    10)Чилӣ
Даҳгонаи аввал дар муқоиса бо рейтинги қаблӣ, ки дар моҳи май нашр шуда буд, тағйироти куллӣ дидааст. Шоҳи нави футбол – Испания, табиист, ки тоҷро ба сар гузошта, тахти шоҳиро дар рейтинг низ соҳиб шудааст. То ин замон онҳо дар рейтинг пас аз Бразилия дуввум буданд.
Нокомгориҳои Бразилия онҳоро на ба дури дур, балки ҳамагӣ ба ҷойи саввум партофтааст. Ҷойи дуввумро, албатта, боз кӣ мешуд, Ҳолланд гирифтааст. Португалия аз сегонаи болои даҳа ба сегонаи поини даҳа рафтааст, Итолиё, Фаронса (шоҳони қаблӣ) ва Хорватистон (хуб, инаш маълум) умуман аз даҳгона берун мондаанд.
Ба ҷойи онҳо ба даҳаи беҳтарини ҷаҳон Уругвай, Чилӣ ва … Миср ворид шудаанд. Ман ҳайронам, ки Миср дар ин як моҳ чӣ кор карда буд, ки ин қадар баланд парвоз намуд. Ба ҷузъ он ки Фаронса бо Хорватистон ҷой иваз кардаанд. Аз паси ин даҳгона русҳо ҳамоно дар ҷойи 11-ум истода, нафас кашида истодаанд.
Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ):
•    1) Австралия (20)
•    2) Ҷопон (32)
•    3) Кореяи Ҷанубӣ (44)
•    4) Эрон (64)
•    5) Арабистони Саудӣ (68)
•    6) Баҳрайн (69)
•    7) Чин (78)
•    8 – Уммон (81)
•    9) Кувайт (85)
•    10) Узбакистон (87)
Дар даҳгонаи осиёӣ танҳо як тағйирот ба вуҷуд омадааст. Кувайт, ки замоне ҷузви Ироқ буд ва сабаи ҷанги аввали Амрико зидди Ироқ шуда буд, ҳатто дар ҳамин рейтинги футболӣ ҳам ҷойи Ироқи ҷафокашидаро танг кард. Кувайтиҳо ба ин даҳгона ворид шуда, Ироқро берун афкандаанд.
Аксарияти дастаҳои осиёӣ дар зинаҳои ҷаҳонӣ поинтар фаромадаанд, ба ҷузъ сентсатсиядорони Ҷоми Ҷаҳон. Австралия ҳарчанд дар ҷойи 20-умаш истодааст, вале Ҷопон 13 зина боло рафтааст, аҷиб аст, ки Кореяи Ҷанубӣ бо ҳамон комгориҳои баробари Ҷопон ҳамагӣ дар ҷаҳон се зина боло баромадааст. Ҳатто Узбакистон (шояд Равшан Ирматовро руихотир кардаанд?), шаш зина болотар рафтааст дар ҷаҳон.
Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ низ ду зина поинтар рафта, мавқеъи 24-умро гирифтааст.
Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА:
•    17) Русия
•    25) Укроин
•    50) Латвия
•    52) Литва
•    77) Беларус
•    87) Узбакистон
•    89) Молдова
•    95) Эстония
•    96) Арманистон
•    106) Озарбойҷон
•    111) Гурҷистон
•    126) Қазоқистон
•    136) Туркманистон
•    137) Тоҷикистон
•    165) Қирғизистон
Шӯравиён дар рейтинги ҷаҳонӣ кадоме поин, кадоме боло рафтаанд. Дар миёни худ арманиҳо ба садгона ворид шудаанд. Узбакистон Молдоваро ва Туркманистон Тоҷикистонро гузаштаанд.
Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:
•    202) Сан-Марино
•    202) Ангила
•    202) Монтсеррат
•    202) Самоаи амрикоӣ
•    202) Ҷумҳурии Африқои марказӣ
•    202) Папуа-Гвинеяи Нав
Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.
«Футболи Тоҷикистон»

Назари худро нависед