Тибқи иттиолои сомонаи Би Би Си субҳи имрӯз дар ноҳияи Всеволожскийи Русия ҷасади як ҷавони 25 солаи тоҷик бо захмӣ корд ёфт гардидааст. Ин хабаргузорӣ нигошта, пулис вақте ҷавонро ёфтааст, ки ҷисми ӯ аз кордҳои ба танаш бархӯрда дигар ҳаракат надошт.
Дар робита ба ин қазияи аллакай таҳқиқ оғоз гардида, пулис дар садади боздошти афроди муҷрим будааст. Инак марги навбатии ҷавони 25 солаи муҳоҷири тоҷик сафи оилаҳои мусибатзадаи кишварамонро бештар намуд. Бино ба иттилои расмӣ танҳо дар соли 2009 ба Тоҷикистон ҷасади 784 шаҳрванди кишвар интиқол дода шудааст. Муҳоҷирини хориҷ аз Ватан дар мулки бегона бо хориҳо заҳмат кашида, оқибат аз дасти сикинхедон кушта мешаванд. Аммо, мутаассифона, ягона орзӯи эшон дар мавриди таъсис ёфтани вазорат ё ниҳоди алоҳидае кайҳо аз хотири масъулин фаромӯш гаштааст. Магар чӣ қадари дигар мо интизор мемонем, то масъалаи муносибат бо муҳоҷирон дар як сохтори алоҳида ҳаллу фасли худро пайдо кунад. Охир бештар 1 миллион муҳоҷири тоҷик умедвори он аст, ки ваъдаи додаи Президент дар мавриди таъсис додани сохтори алоҳидае барои муҳоҷирон амалӣ шуда, онҳо аз сар халондан ба чандин идораи дигар халос мешаванд. Вале........














